Сафири Тоҷикистон дар ҳузури канслери Олмон

13/07/2016 13:10
ASIA-Plus
Views: 3047

Канслери Олмон Ангела Меркел рӯзи 12 июл дар қасри Мезеберги назди Берлин дар баробари сафирони дигар кишварҳои муқими Олмон, сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматовро низ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Берлин, зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон Ангела Меркел муносибатҳои байни давлатҳоро мусбат арзёбӣ намуда, қайд кардааст, ки Олмон ба рушди ин ҳамкориҳо манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии канслери Олмон бо сафирони кишварҳои хориҷӣ вазири корҳои хориҷии ин кишвар Франк Валтер-Штайнмайер низ ҳузур доштааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no