Сарҷарроҳи беморхонаи Қушӯнҳои сарҳадӣ бо пора дастгир шуд

09/03/2016 14:51
ASIA-Plus
Views: 1995

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сардори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Қаҳҳор Сатторовро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани хешписараш аз як шаҳрванд маблағи 4 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, аз ин маблағи талабнамудааш  моҳи ноябри соли гузашта 2 ҳазор доллари амрикоиро пешакӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 2 ҳазор доллари амрикоии боқимондаро бо қурби пули миллӣ - 16 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Гуфта мешавад, Қаҳҳор Сатторов ҳангоми гирифтани боқимонда маблағи 16 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ дастгир ва маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Сатторов Қаҳҳор Ғаффорович бо моддаи 319 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no