С.Аслов ба вохӯрии С5+1 ба Вашингтон рафт

02/08/2016 14:17
ASIA-Plus
Views: 3378

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов, ки дар сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Индонезия ӯро ҳамроҳӣ карда буд, рӯзи 2 август аз Ҷакарта ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (дар шакли С5+1) ба Вашингтон раҳсипор шуд.

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита хабар медиҳад, ки дар рафти ин мулоқот масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокимаи ҳайатҳо қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва ИМА масоили марбут ба таъмини амнияи минтақавӣ, робитаҳои иқтисодӣ, мушкилоти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин масоили гуманитариро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи 5 лоиҳаи муштарак, ки баъди мулоқоти Самарқанд (Ӯзбекистон) дар моҳи ноябри соли 2015 аз ҷониби гурӯҳҳои кории С5+1 таҳия шудааст, табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no