Шабдолов: Муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст

19/11/2014 16:46
Аваз Юлдошев
Views: 3816

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст ва имрӯз ширкатро на шоҳу на худо наҷот дода наметавонад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар суратҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» қариб ҳеҷ маблағе вуҷуд надорад. «Ширкат назди буҷети давлатӣ, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» садҳо миллион сомонӣ қарздор буда, миллионҳо сомонӣ қарз гирифтааст, ки бояд баргардонад ва музди меҳнати кормандони худро пардохт карда наметавонад, ки дар натиҷа имконоти кадрии ширкат хеле заъиф гардида, худи соҳа дар ҳоли фаношавӣ қарор дорад», - гуфт ӯ.

Шабдолов бар ин гумон аст, ки дар вазъи мавҷуда сармоягузорон ба маблағгузорӣ ба рушди «Барқи тоҷик», ки монополист шуда, вале аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зимма гузоштааш намебарояд, шитоб намекунанд.

«Агар касе ҳам ба «Барқи тоҷик» маблағгузорие кунад, ин ба он хотир сурат мегирад, ки оянда бинобар сабаби муфлисшавии ширкат онро пурра бо нархи ночиз харидорӣ намояд ва ин таҳдиди мустақим ба амнияти энергетикии Тоҷикистон аст», - таъкид дошт раиси Ҳизби коммунист.

Ба андешаи вакили парлумон, имрӯз аз монополия берун овардани ширкати «Барқи тоҷик» ва таъсис мақомоти наве зарур аст, ки тарифҳоро муқаррар намояд. «Ин барои ба тартиб овардани муносибатҳо бо нерӯгоҳҳо кумак мекунад, вагарна кори онҳо замоне воқеъан ҳам бозмеистад. Ин имкони охирини ночизе барои ҳукумати Тоҷикистон аст», - мутмаин аст Шабдолов. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no