Сохторҳои қудратӣ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд

01/08/2016 09:54
Аваз Юлдошев
Views: 2616

Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз ҳамин рӯз реҷаи пурзӯри адои хизмат муқаррар шуд, ки ба санаи 9 сентябр ҷашн гирифтани 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар марбут аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин робита дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва марзи давлатии кишвар ба тадбирҳои амниятӣ тақвият бахшида мешавад.

«Аз 20 август то 15 сентябри соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пурра бе реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз имрӯз кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон қисман дар ҳолати реҷаи пурзӯри адои хизмат қарор хоҳанд дошт.  

Акс аз sputnik-tj.com

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no