Суғд: Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ ба гумони порагирӣ

15/03/2016 10:36
ASIA-Plus
Views: 1599

Кормандони милитсия бо далели гирифтани пора корманди 35-солаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дастгир карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда бо миёнаравии қаровули комиссариати ҳарбӣ, сокини маҳаллии 35-сола аз модари даъватшаванда ба сифати пора 3 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст.

Гуфта мешавад, худи ҷавони 22-сола, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад, айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no