Суғд: Наҷоти 14 нафар аз қаиқи ғарқшаванда

18/07/2016 09:26
Аваз Юлдошев
Views: 2237

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 16 июл 14 нафарро, ки аксарашон шаҳрвандони Чин буданд, аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Корманди Кумита Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар наздикии минтақаи истироҳати «Сайёҳӣ» дар обанбори Қайроққум қаиқи чӯбини мутааллиқ ба осоишгоҳи «Баҳористон» бо 14 нафар истироҳаткунандагон ба ғарқшавӣ оғоз кардааст.

«Саабаби он фарсудашавии сохтори қаиқ аст, ки бар асари он дар қисмати ҷойгиршавии муҳаррик сӯрохӣ ба вуҷуд омада, ҳаёти одамони савори он зери хатар гузошта шуд, чунки қаиқ аз соҳил дар масофаи 300 метр қарор дошт», - гуфт корманди Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ ва саривақт андешидаи кормандони гурӯҳи вокуниши фаврии ситоди Кумита дар вилояти Суғд, шахсони дар қаиқ қарордошта наҷот дода шуда, ба соҳил расонида шуданд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no