Таҳқиқи марги 1 нафар ва заҳролудшавии 5 кас дар Кӯлоб

19/07/2016 11:10
Радиои Озодӣ
Views: 3389

Бар асари заҳролудшавӣ як сокини Кӯлоб фавтида ва панҷ тани дигар таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Амиралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфтааси, ин ҳодиса баъд аз зуҳри якшанбе иттифоқ афтодааст.

Вай илова кардааст, ки "баъди хӯроки чошт шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи Кӯлоб, заҳролуд шуда ва ҳамаашон ба бемористон оварда шуданд. Дар натиҷа, бар асари заҳролудшавӣ падари хонавода – Шариф Таваккалов фавтида ва панҷ узви дигари хонавода – Саодат Маҳмудова, Зулайхо Маҳмудова, Маҳина Тавакаллова, Хайриддин Тавакаллов ва Ҳуснорои Шариф – таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд."

Раҷабзода изҳор намудааст, ки вазъи Ҳуснорои Шариф ва Зулайхо Маҳмудова, набераҳои хонавода, низ хеле вазнин буд ва баъд аз ёрии табибон ҳолашон нисбат ба дирӯз беҳтар шудааст. Ҳарчанд пизишкон мегӯянд, ин хонавода дар пайи ғизои чошт заҳролуд шуда ва ба бемористон афтодаанд, аммо то ҳол сабаби дақиқи заҳролудшавии онҳо мушаххас нашудааст.

Гуфта мешавад, кормандони маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии минтақа дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ангезаҳои заҳролудшавии хонаводаи Шариф Таваккаловро мушаххас мекунанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no