TojNews: Муовини раиси «Тоҷиксодиротбонк» аз Тоҷикистон фирор кардааст

12/08/2016 16:44
TojNews
Views: 3515

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Фирдавс Бердиев, муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба хориҷ аз кишвар фирор кардааст.

Бино ба маълумоти агентии иттилоотии TojNews бо такя ба манобеи худӣ, Фирдавс Бердиев баъди муваққатан барканор шуданаш аз вазифаи муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ба Аврупо, ба гумони ғолиб ба Швейтсария фирор кардааст, аммо ин иттилоъро дар низоми бонкӣ касе тасдиқ намекунад.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 майи соли 2016 раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ва 6 нафар муовинони ӯро муваққатан аз мансабҳояшон барканор намуда, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи молии муассиса, аз ҳисоби намояндагони Бонки миллӣ дар ин бонк маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ кард.

TojNews менависад, алҳол се фарзияи фирори муовини раиси “Тоҷиксодиротбонк” баррасӣ мешавад: 1) Бердиев аз тарси муттаҳамшавӣ ва бо ташаббуси худ кишварро тарк кардааст;  2) ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо нафароне аз Раёсати бонк фирор намудааст ва 3) муовини раиси бонк иттилоъ ёфтааст, ки сабабҳои ба буҳрон гирифтор шудани бонкро ба дӯши ӯ зада, ӯро “боми пастак” эълон кардан мехоҳанд.

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” аз тасдиқ ва ё рад кардани ин хабар ба TojNews худдорӣ карданд. Як корманди Дастгоҳи марказии бонк гуфтааст, “Фирдавс Бердиев муваққатан аз вазифааш дур карда шудааст ва ҳоло намедонад, ки ӯ дар куҷост.”

Гуфта мешавад, кӯшишҳои хабаргузорӣ барои суҳбат бо худи Фирдавс Бердиев бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Фирдавс Бердиев 33-сол дошта, хатмкардаи факултаи “Робитаҳои байналхалқӣ”-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамчунин хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Қаблан Фирдавс Бердиев, яке аз мудироти ширкати “Нахуст лизинг” буд, ки гуфта мешуд, ба Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” тааллуқ дорад.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки ҳудудан 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии "Тоҷиксодиротбонк" чор ширкат: ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввалӣ беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонкро доро мебошад. Дуи дигар, дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати “Евразия” Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев мебошанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no