Ҳукумат конҳои тиллоро барои заршӯён боз мекунад

12/07/2016 13:51
Заррина Эргашева
Views: 2160

Сохторҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ доранд, ки мутобиқи он ҷараёни истихроҷи тиллои пошида ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби тиллоҷӯёну заршӯён ва аҳолии маҳаллӣ қонунӣ мешавад.

Сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати молия таҳия гардида, айни замон он бо тамоми вазорау идораҳои марбута мувофиқа мешавад ва онҳо метавонанд илова ва тавсияҳои худро ҷиҳати баррасӣ пешниҳод намоянд.

«Ин ҷо сари фароҳам овардани шароит барои тиллоҷӯён сухан меравад, ки бе ин ҳам солҳои тӯлонӣ ба заршӯӣ дар соҳили дарёҳо машғуланд. Шояд лоиҳаи ин қонун то охири соли 2016 тасдиқ шавад. Масалан, дар он ташкили нуқтаҳои қабули сангҳои қиматбаҳо ва тилло пешниҳод шудааст», - иброз дошт номбурда.

Ҳамчунин шарҳ дода шуд, ки қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он ширкат дар доираи иҷозатнома қарор надоранд, барои тиллоҷӯён минтақаҳои озод эълон мешаванд ва тамоми хоҳишмандон метавонанд дар онҳо ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо машғул шаванд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз боигариҳои зеризаминӣ хеле ғанӣ буда, дар қаламрави кишвар беш аз 600 кон ва 800 макони захираҳои канданиҳои фоиданок ошкор, кашф ва қисман барои азхудкунии саноатӣ омода шудаанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no