Вахш хонаҳоро мешӯяд. Кӣ ба доди сокинон мерасад? (чандрасонаӣ)

18/08/2016 23:43
Зокир ҲАСАН, Сайраҳмон НАЗРИЕВ, махсус барои ASIA-Plus
Views: 3286

Номустаҳкамии соҳили дарёи Вахшу хавфи чаппашавии хонаҳо сокинони деҳаи Дӯстии ноҳияи Бохтарро водоштааст, ки даст ба кандани манзилҳои худ зананд. Ҳоло зиёда аз 60 хонавода дар андешаи дарёфти макони нави зистанд.

Мушкили мардум ва беамалии мақомот

Тайи чанд рӯзи охир заминҳои корами обӣ, аз ҷумла, се хонаи сокинони деҳаро дарёи Вахш ба коми худ кашид. Сабаби ин ҳол 24 сол боз нагузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин қисмати дарё аст.



Вақте мо аз ин мавзеъ дидан мекардем, сокинони хонаҳое, ки об ба онҳо наздик расидааст, машғули кандани бому девор буданд. Дар чашмони одамон тарсу ҳарос мушоҳида мешуд. Мардон машғули барчидану кашондани масолеҳи сохтмонӣ буданду занону кӯдакон пайи ғундоштани ашёи рӯзгор.

Вале ягон намояндаи ҷамоати деҳот ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди онҳо набуд. Кӯшиши мо барои пайдо кардани раиси маҳалла бенатиҷа анҷом ёфт.

Масъулони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ҳам гирифтории сокинонро ба чунин вазъи душвор рад карданд. Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии ин ниҳод Ҷамшед Холиқов зимни мусоҳиба чунин иброз дошт: «Хушбахтона, дар ноҳияи Бохтар аз ҳисоби баландшавии об то ҳол ягон хона зарар надидааст». Ба иддаои ӯ, барои вазъи фавқулода эълон кардану ба мардум кӯмак расонидан, яъне мошину одам ҷудо кардан ҳанӯз зарурат пайдо нашудааст.

Агар сокинонро бо замин таъмин мекарданд...

Сафаргул Садирова, сокини деҳаи Дӯстӣ мегӯяд, ки онҳо беш аз 5 сол инҷониб ба мақомоти гуногуни давлатӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини хонасозӣ муроҷиат мекунанд, вале ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ба даст наовардаанд. «Чанд рӯз аст, ки хоб надорем. Фарзандонам мисли бемор “моро об мебарад” гуфта, фиғон кашидаву мегирянд. Хонаам ҳамин ҳоло ба қаъри дарё меравад. Намедонам, додамро ба кӣ гӯям ва кӣ бояд моро гӯш кунад. То Президенти мамлакат ариза навиштем, вале мақомотҳои маҳаллӣ аҳамият намедиҳанд. Ҳозир хонаамро канда, куҷо рафтанамонро намедонем», - афзуд вай.

Маликшо Ятимов, сокини дигари ҳамин деҳа, ки масолеҳи сохтмонии аз хонааш баркандаро барои бурдан омода мекард, чунин гуфт: «Зану фарзандон дар ба дару овора, мо мех кашида гаштем. Бовар кунед, дигар даст пеш намеравад, ки кор кунӣ».

Ҳамзамон Ҳуриниссо Раҳмонова арз кард, ки бо пайвандонаш аз беамалии ниҳодҳои марбута хаста шудаанд: «Ман соҳиби 6 фарзандам. 22 сол боз дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам. Аз мақомот омада, масофаи байни манзили ман ва лаби дарёро чен карданд. 35 метрро ташкил дод. Гуфтанд, ки хонаву ҷойи шумо бехавф ҳисоб мешавад. Шаб хоб надорем. Доим дар тарсу ҳаросем».

Модари солдида Тӯтихон Мирзовалиева ҳам изҳори нигаронӣ кард, ки соҳили шусташуда аз хонаи фарзандаш ҳамагӣ 20 метр дур аст. «Писарам дар Русия мардикор асту ин ҷо занаш бо 7 фарзандаш танҳо. Ман аз масъулон хоҳиш мекунам, ки фикри фарзанди маро ҳам карда, барвақттар замин ҷудо кунанд, барвақттар хонаашро канда барему ягон сарпаноҳаш созем», - бо чашмони пурашк афзуд модар.


Дар ҳамин ҳол сокини дигари деҳа Аҳлиддин Насриддинов иброз дошт, ки барои оилаи онҳо 4-5 сол пеш ҳукумат замин ҷудо карда буд. «Хонаҳои қатори аввали кӯчаро бо замини таҳҷойи хона таъмин карда буданд. Ҳоло ин хонаамонро канда, маҳсулоташро ба хонаи нав мебарем. Аз Агентии шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ҳам 3 ҳазору 500 сомонӣ кӯмак карда буданд», - гуфт бобои Аҳлиддин.

Мурдаҳоро ҳам кӯчонданд

Вахши тезҷараён як гӯшаи мазори деҳаро низ шустааст. Мардум ноилоҷ 30 мадфанро ба ҷойи дигар кӯчондаанд. Ба қавли Ҳоҷӣ Тоҳир Касиров, ин макон шурӯъ аз солҳои 70-уми асри гузашта барои дафни ҷаноза истифода мешуд. «Об ду сол боз қабристонро мешӯяд. Соли гузашта маҷбур шудем, ки 15 гӯрро кофта, мурдаҳоро ба болотари мазор кӯчонем. Имсол 7 ҷасади дигарро ба ҷойи барои об дастнорас бурдем. Агар соҳилро ҳамин хел шустан гирад, ба зудӣ аз ин қабристон чизе намемонад», - афзуд Ҳоҷӣ Тоҳир.

Гапи кӣ дуруст?

Ниҳодҳои дахлдори давлатӣ то куҷо аз ҳоли мардум воқифанд? Подполковник Абдулло Юнусов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Бохтар бар ин назар аст, ки соҳилҳои дарёи Вахш бинобар маҷрои худро дигар кардани об гирифтори шусташавиянд: «Аз ин деҳа 83 хонавода бояд то соли 2020 ба мавзеи бехавф кӯчонида шаванд. Давоми се соли охир зиёда аз 3,5 километр заминҳои ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” ба коми дарё рафтаанд. 20 оилаи деҳаи “Дӯстӣ” кӯчонида шуда, дар ҳамин шабу рӯз боз 3 оилаи дигар бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд».

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадрасул Исмоилзода, муовини раиси ноҳияи Бохтар шумори оилаҳоеро, ки бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд, камтар арзёбӣ кард: «Аз соли 2010 то инҷониб 15 оилаи ин деҳа бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. Ва боз иловатан давоми рӯзҳои охир ба 7 оилаи дигар қитъаи замини хонасозӣ ҷудо гардид».

Соҳилҳо миллион мехоҳанд

Ба қавли Сафар Сабзалиев, сардори бахши истеҳсолии Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон, дар ҳудуди деҳаи “Дӯстӣ” камобеш 200 метр садди дарёи Вахш хароб шудааст, ки барои барқарор карданашон беш аз 2 миллион сомонӣ лозим аст. Ҳамзамон Фаридун Давлатов, сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки соли равон дар вилоят ба маблағи 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудааст. Яъне 7 ҳазору 652 метр симтӯр хобонида шуда, беш аз 27 тонна арматура ва сементу дигар маҳсулот масраф гардидааст. Лекин ба гумон аст, ки барои деҳаи “Дӯстӣ” имсол низ маблағгузорӣ сурат пазирад.

Илоҷи кор – «судбозӣ»?

Сарсониву азияти мардум то кай давом хоҳад кард ва ба арзи онҳо кӣ бояд гӯш диҳад? Ҳуқуқшинос Фарҳод Тоиров мегӯяд, ки қонунҳои кишвар мақомоти маҳаллиро ба рафъи ин мушкилӣ муваззаф кардааст: «Мувофиқи Кодекси манзили ҶТ, таъмини шаҳрвандон бо манзил дар ваколати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ мебошад. Яъне он нафароне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ манзилҳояшон зери хавф қарор доранд ва ё аллакай аз даст рафтаанд, бояд дар навбати аввал бо хона ва ё замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шаванд. Агар шаҳрвандон ин гуна ҷойҳоро ғайриқонунӣ макони зист ихтиёр карда бошанд ҳам, ин омил барои чора наандешидан баҳона шуда наметавонад. Чун мардуми хисоротдида ҳис кунанд, ки муроҷиаташонро мақомоти дахлдор нодида мегиранд, метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намоянд».

Як кӯшиши бебарор

Баъд аз муроҷиатҳои пайвастаи сокинон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар як комиссияи босалоҳиятро барои санҷидану баҳодиҳии ҳолати воқеии деҳаи “Дӯстӣ” ва 5 деҳаи дигари ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” сафарбар карда буд. Пас аз тасдиқи худро ёфтани мушкилоти мазкур, дар асоси хулосаи ин гурӯҳи вижа ҳанӯз дар соли 2010 ноҳиядорон тариқи хатӣ аз раиси вилоят ва Ҳукумати кишвар хоҳиш карданд, ки барои таъмини 83 хоҷагии деҳаи “Дӯстӣ” бо замини хонасозӣ аз ҳудуди ноҳия 7 гектар ҷудо карда шавад. Азбаски заминҳои пурсидашуда ба категорияи корами обӣ шомил буданд, ин хоҳиш амалӣ нагардид.


Кадом беҳтар: таҳкими соҳил ё заминдиҳӣ?

Дар қиёс бо барқарор кардани заминҳои аздастрафта ва тақсими қитъаҳои нав барои хонасозии сокинони деҳа, пешгирӣ аз шусташавии минбаъдаи соҳили дарёи Вахш мушкилтар менамояд. Вале мақомот чандин деҳаи дигарро низ бо мустаҳкамсозии соҳили рӯд аз хатар ҳифз хоҳанд кард. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар пайдо кардани роҳҳали ин мушкили мардум зарур аст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no