Гуногунии биологӣ – асоси ҳаёти инсоният

Оборона/граница
02.04.2010 20:08
Просмотров: 17332

Ташаббусҳои Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати ҳимояи сарватҳои табиии кишвар равона шудаанд. Самтҳои марбутаи фаъолияти ин созмони байналмилалиро ба «Ҳамкорӣ» Роҳбари Барномаи «Энергетика ва муҳити зист»-и БРСММ дар Тоҷикистон Аҳад Маҳмудов тавзеҳ дод.

20-уми декабри соли 2006 Ассамблеяи Генералии СММ соли 2010-умро Соли Байналмилалии Гуногунии Биологӣ эълон карда буд. Дар ин замина аз тамоми кишварҳои аъзои Конвенсияи СММ «Дар бораи гуногунии биологӣ» даъват ба амал овард, ки ӯҳдадориҳояшонро оид ба паст кардани талафоти гуногунии биологӣ иҷро созанд.



Ассамблеяи Генералии СММ ба ҳамаи давлатҳои аъзо дастур додааст, ки бахшида ба Соли Байналмилалии Гуногунии Биологӣ кумитаҳои миллӣ ташкил карда, чорабиниҳои илмию амалӣ гузаронанд. Дар навбати худ, бахшида ба Соли Байналмилалии Гуногунии Биологӣ Ассамблеяи Генералии СММ дар сессияи 65-ум маҷлиси якрӯза дар сатҳи олӣ бо иштироки сарварони кишварҳои ҷаҳон баргузор мекунад.


Вазъи ҷаҳон ва Тоҷикистон


Солҳои охир проблемаҳои экологӣ характери глобалӣ пайдо кардаанд ва ин масъала имрӯзҳо яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати байналмилалӣ ба шумор меравад. Биосфера сарҳад надорад, аз ин рӯ, бисёр масъалаҳои экологӣ ҳалли худро танҳо бо саъю кӯшиши якҷоя дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ пайдо карда метавонад.



Истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба он оварда расонид, ки қисматҳои алоҳидаи табиӣ ва элементҳои онҳо дучори тағйироти сахт, дар баъзе маврид то ҳолати бебозгашт қарор гирифтаанд. Як қатор намудҳои ҳайвонот ва наботот камёб гашта, як қисми онҳо дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд. Ин вазъият чи аз назари Ҳукумати ҶТ ва чи аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ташвишовар мебошад.


Заминаи ҳуқуқӣ


Қобили зикр аст, ки баъд аз эълон кардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои бисёрҷабҳаи экологӣ фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷумла, дар соли 1995 Тоҷикистон Конвенсияи СММ-ро «Дар бораи гуногунии биологӣ» эътироф карда, узви комилҳуқуқи он гардид. Ба ғайр аз ин, ҷумҳуриамон то кунун дар самти ҳифзи муҳити зист Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим, Конвенсия оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ, Конвенсия оид ба мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва дигар санадҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст. Дар ҳамаи Конвенсияҳои мазкур гурӯҳи кории ҳукуматӣ фаъолият бурда истодааст, ки он стратегия оид ба нигоҳдории муҳити зистро дар байни кишварҳо таҳия месозад.




Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.


Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 13.


Ба ҷуз ин, солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд:


- Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи табиат»;
- Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарии гуногунии биологӣ»;
- Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳо»;
- Қонуни ҶТ «Дар бораи олами ҳайвонот»;
- Кодекси ҷангали ҶТ;
- Кодекси замини ҶТ;
- Консепсияи ҳифзи муҳити зисти ҶТ ва як қатор Барномаҳои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист.


Ҳамкориҳо


Бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон зиёда аз 10 барномаи махсус дар соҳаи нигаҳдории гуногунии биологӣ амалӣ карда мешаванд.


Яке аз онҳо лоиҳаи «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва идоракунии гуногунии биологии қаторкӯҳи Ҳисор» аст, ки аз тарафи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бунёди Байналмилалии Экологӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи асосии он мукаммалгардонии ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон, ки аҳамияти глобалӣ дорад, тавассути пешниҳод ва истифодаи усулу воситаҳои нав оид ба идораи муассири ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) ва захираҳои табиии онҳо мебошад.


ҲТММ моликияти давлатӣ буда, сарвати умумии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҲТММ комплексҳои табиӣ ва иншооте дохил мешаванд, ки дар худ экология, таърих, маданият ва арзишҳои тандурустиро таҷассум менамоянд ва моҳияти умумимиллӣ доранд.


Дар давраи то 1-уми январи соли 2010 дар ҳайати ҲТММ-и Тоҷикистон 4 мамнӯъгоҳи давлатии табиӣ, 1 парки миллӣ, 1 парки табиӣ, 1 парки табииву таърихӣ, 3 минтақаи табиии рекреатсионӣ, зиёда аз 20 минтақаи фароғативу маданӣ, 13 парваришгоҳи давлатии табиӣ ва зиёда аз 62 ёдгории табииро дар бар мегирад.


Майдони умумии ҲТММ дар Тоҷикистон ба 3,1 млн. гектар баробар аст, ки 22% ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Аз ин масоҳат ба ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон 2,6 млн. гектар (84%) тааллуқ дорад.


Сарватҳои табиӣ


Табиат ба Тоҷикистон ландшафтҳои аҷоиби табииро, ки аз биёбон ва нимбиёбонҳо сар карда, то қуллаҳои барфию кӯҳҳои баланди Осиёи Марказиро фаро мегирад, ҳадя кардааст. Ландшафтҳои Тоҷикистон гуногун ва пурғановат мебошанд. Анвои рустаниҳо (дендрофлора)-и ҲТММ 268 намуди дарахт ва буттаҳоро дар бар мегирад.



Арчазори ҳамешасабзи Тоҷикистон яке аз намудҳои асосии ҷангалзорҳо ба шумор мераванд, ки масоҳати имрӯзаи онҳо беш аз 159 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.


Гуногунии олами ҳайвонот дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба гуногунии ландшафтҳои табиӣ вобаста буда, дар ҳудуди кишвар зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти бесутунмӯҳра зиндагӣ мекунанд. Ҳамзамон дар обанборҳо 49 намуди моҳӣ вуҷуд дорад, ки 21 навъи онҳоро аҳолӣ барои ғизо истифода мебарад. Хазандагон 44 намуд, ки аз он 15 намудаш морҳо, 1 навъи сангпушт ва 28 намуди калтакалосҳо мавҷуданд.



Паррандагон дар ҳамаи ландшафтҳои табиӣ вуҷуд доранд. Намояндагии синфи паррандагон аз 384 шакл, 346 намуд ва 38 зернамуд иборат аст.



Дар назди кӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ 85 намуди ширхӯрон мавҷуданд, ки дар байни онҳо гавазни бухороӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ, силовсин, хирси бури тяншонӣ, кафтари рах-рах, архари помирӣ, бузи пармашох (морхӯр) ва ғайра маскан гирифтаанд, ки онҳо намояндагони эндемикӣ (таҳҷоӣ) ба шумор рафта, ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва ба феҳрасти Созмони Байналмилалии Ҳифзи Табиат ворид шудаанд.


Мушкилот ва ҳалли онҳо


Аз сабаби нарасидани захираҳои барқ ва ҳолати душвори иқтисодию иҷтимоӣ, сарфи назар аз тадбирҳои пешбинишуда, аҳолии маҳаллӣ маҷбур аст, ки дарахтонро барои гармшавӣ ва тайёр кардани маводи сохтмонӣ истифода барад, ки ин ҳолат ба нобудшавии ҷангалҳо ва олами ҳайвоноту паррандагон оварда мерасонад.




Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб лоиҳаи «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва идоракунии гуногунии биологии каторкӯҳи Ҳисор» корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва имрӯз низ чорабиниҳои гуногунро оид ба бунёди хоҷагиҳои ниҳолпараварӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши экологӣ, таҳияи консепсияи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таҳияи нақшаи дурнамои идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавнда, дарёфти манбаъҳои алтернативӣ барои зиндагонӣ бо роҳҳои қарздиҳии хурд ба аҳолии минтақаи лоиҳа ва ғайраро амалӣ карда истодааст.


Навгонӣ


Дар соли ҷорӣ БРСММ дар Тоҷикистон боз як барномаи навро таҳти унвони «Энергетика ва муҳити зист» роҳандозӣ кард, ки ҳадафҳои асосии он нигоҳдории муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҷустуҷӯи усулу воситаҳои алтернативии манбаъҳои энергетикӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба идоракунии захираҳои табиӣ мебошанд. Барномаи мазкур тамоми лоиҳаҳои БРСММ дар Тоҷикистон оид ба идораи устувор ва истифодаи самараноки захираҳои табииро дар бар мегирад.



Шарикони Барнома Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, муассисаҳои давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва паркҳои табиӣ), муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал, Ҷамоатҳо ва Марказҳои дастгирии ҷамоатҳо ба шумор мераванд.


Бояд гуфт, ки бо қувваи барқ таъмин сохтани аҳолӣ, пеш аз ҳама дар мавзеъҳои кӯҳистонӣ, яке аз роҳҳои асосии ҳифзи ҷангалзорҳо ба шумор меравад. Аз шумори дастовардҳои назарраси Барнома дар соли 2009 мусоидат ба таҳияи Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» мебошад, ки он 12 январи соли 2010 қабул гардид. Ин иқдом ба тариқи таъсис додани гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вазорату кумитаҳои дахлдор ва ташкили сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Хорватия бо мақсади баҳрабардорӣ аз таҷрибаи пешқадами Аврупо дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия амалӣ карда шуд.


Бинобар ин, баҳри татбиқи ҳадафҳои мазкур ва ботантана ҷашн гирифтани Соли Байналмилалии Гуногунии Биологӣ Барномаи «Энергетика ва муҳити зист»-и БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони барнома нақшаи амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои номбурдаро барои беҳтар гардонидани ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии биологӣ пешбинӣ карда, ҷиҳати амалисозии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.


БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД

Отправить комментарий

КАПЧА
Этот вопрос задается для того, чтобы выяснить, являетесь ли Вы человеком или представляете из себя автоматическую спам-рассылку.