Назорати сил тақвият меёбад

МИР
28.01.2010 23:06
Автор:
Маҳпора КИРОМОВА
Просмотров: 17589

Лоиҳаи зиддисилии Барномаи Рушди СММ баҳри пешгирӣ ва назорати бемории сил дар Тоҷикистон фаъолиятҳои гуногунҷабҳа анҷом медиҳад. Дастовардҳои соли сипаришуда ва нақшаҳои дарпешистодаро Менеҷери Лоиҳаи зиддисилии БРСММ Зумрад Максумова ба "Ҳамкорӣ" тафсир кард.

Тарҳи нави зиддисилӣ


Дар марҳилаи кунунӣ маблағгузори асосии чорабиниҳои зиддисилӣ дар кишвар Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза алайҳи СПИД, сил ва табларза мебошад. Аз соли 2005 инҷониб ниҳоди мазкур ҷиҳати дастгирии "Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" зиёда аз 40 миллион доллар чудо кардааст.


Барномаи Рушди СММ (БРСММ) аз ҷониби Кумитаи Миллии Ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемориҳои СПИД, сил ва табларзаи назди Ҳукумати ҶТ ба ҳайси гирандаи асосӣ ва амалисозандаи 2 бурси зиддисилӣ пешниҳод гардида буд. БРСММ тарҳҳои зиддисилии худро аз моҳи июли соли 2007, яъне аз замони оғози корбасти бурси Даври 6-ум татбиқ мекунад.


Дар соли 2009 низ Хазинаи Глобалӣ ва Кумитаи Миллии Ҳамоҳангсозӣ ба сифати амалисозандаи бурси Даври 8-ум БРСММ-ро тасдиқ карданд. Маблағи он ба бурси қаблӣ зам гардида, ҷиҳати вусъат бахшидани барномаи ҷории мубориза алайҳи сил дар кишвар мавриди истифода қарор мегирад.


Лоиҳаи нав ба тақвияти барномаи пешгирӣ ва назорати бемории сил дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустии ҶТ равона шудааст. Дар лоиҳаи муттаҳида густариши фаъолиятҳои ҷорӣ ва роҳандозии самтҳои нав, ба мисли бемории сил ва ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳо, афзоиши тадбирҳо оид ба мубориза алайҳи ангезандаҳои муштараки сил ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ТБ/СПИД), васеъ ва беҳтар кардани муайянсозиву табобати шаклҳои устувори сил ва ғ. ба нақша гирифта шудааст.



Аксбардор: Ҷон РЕА


Мақсади лоиҳаи муттаҳида - то соли 2015 бо роҳи фарогирии умумӣ коҳиш додани шиддати бемории сил дар ҶТ, беҳтар гардонидани сифати муолиҷаи таҳти назорат (ДОТС), ҳамчунин тибқи Мақсаду Вазифаҳои Рушди Ҳазорсола ва шарикии "Бемории силро бозмедорем" васеъ кардани имконоти ДОТС мебошад. Баҳри муайян кардани самаранокии лоиҳа 4 нишондод қабул шудааст, ки дар анҷоми татбиқи он бояд ба даст ояд: аз теъдоди умумии ҳолатҳои сироятёбӣ муайянсозии 70%-и гирифторони сил; расидан ба табобати муваффақонаи беш аз 85%-и ҳолатҳои гирифторӣ; коҳиш додани сатҳи мубталошавӣ ба сил то 60 ба 100 000 аҳолӣ; кам гардонидани сатҳи фавт то 7 ба 100 000 аҳолӣ.


Татбиқи марҳилаи аввали Лоиҳаи БРСММ оид ба бемории сил 1-уми октябри соли 2009 оғоз гардида, то 30-юми сентябри соли 2011 идома меёбад. Барои амалисозии он зиёда аз 20 миллион доллар ҷудо гардидааст. Тибқи сиёсати пешгирифтаи Хазинаи Глобалӣ, тамдиди лоиҳа ба се соли оянда (2012-2014) аз натоиҷи бадастовардаи БРСММ ва кишвар дар марҳилаи якум вобаста аст. Дар сурати ноил шудан ба натиҷаҳои қаноатбахш, барои амалисозии даври дуюми тарҳи мазкур боз 10 миллион доллар пешниҳод мегардад.


Шарикони асосии татбиқи ин лоиҳа Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сили Вазорати тандурустии ҶТ, Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ, Беморхонаи ҷумҳуриявии зиддисилии "Шифо" (Мачитон), Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи СММ, ҳамчунин як қатор ташкилотҳои ғайридавлатии маҳалливу байналмилалӣ мебошанд.


Сил дар маҳбасҳо


Дар соли сипаришуда ҳудуди 7000 маҳбуси муассисоти ислоҳотии ш.Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Ёвон ва Норак бо мақсади муайянсозии гирифторони сил аз муоинаи флюорографӣ гузаронида шуданд. Роҳандозии муоинаи дастаҷамъӣ бо истифода аз мошини ташхиси флюорографии сайёр, ки аз ҷониби БРСММ/Хазинаи Глобалӣ харидорӣ шудааст, имконпазир гардид. Мутахассисони Лоиҳаи зиддисилии БРСММ ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил дар гузаронидани муоинаи мазкур кӯмаки машваратию фаннӣ расониданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, зимни ташхис 250 маҳбуси гирифтори бемории сил муайян карда шуд. Дар маҳбасҳои вилояти Суғд низ гузаронидани чунин муоина дар назар аст.



Айни замон мубориза алайҳи бемории сил яке аз вазифаҳои аввалдараҷаи соҳаи тандурустӣ мебошад. Хусусан, ин масъала барои маҳбасҳо хеле ҷиддиву ҳассос гардидааст, зеро дар шароити зиндон назар ба озодӣ андозаи гирифторӣ ба бемории сил 100 маротиба бештар мушоҳида мешавад. Ташхису муолиҷаи батаъхирафтода ва шароити вазнини маҳбасҳо ба паҳн гардидани бемории сил мусоидат мекунад. Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО - ВИЧ) низ хатари инкишофи силро меафзояд.


Аз дидгоҳи сиҳатии ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон, хусусан, ба маҳбасҳои он паҳншавии шакли мутобиқгаштаи сил таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаи БРСММ дар нақша дорад, ки муолиҷаи чунин беморонро дар муассисаҳои зиддисилии маҳбасҳо дастгирӣ кунад.


Самтҳои асосии мубориза алайҳи сил дар муассисоти ислоҳотӣ беҳтар гардонидани муайянсозӣ, ташхис, пешгирӣ ва табобати ин беморӣ мебошад. Айни замон дар тамоми маҳбасҳои кишвар барномаи ДОТС ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати татбиқи барномаи мазкур, БРСММ тасмим дорад, ки муассисаҳои тиббии маҳбасҳоро барқарор созад ва бо мақсади расонидани ёрии усулию фаннӣ, санҷиши ҳармоҳаи шӯъбаҳои зиддисилиро ба роҳ монад. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳа барои маҳбусон бунёди дармонгоҳи нави зиддисилии иборат аз 100 кат дар ноҳияи Ваҳдат ба нақша гирифта шудааст.


Ҳамзамон дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон беҳтар гардонидани сатҳи ёрии тиббӣ, таъмини дастрасии маҳбусон ба табобати сил аз рӯйи дурнамои ДОТС, кам кардани теъдоди маҳбусон дар зиндонҳо тавассути гузаронидани ислоҳот дар низоми адои ҷазо, инчунин боло бурдани эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои асосии инсон дар назар дошта шудааст. Ба ҷуз ин, бо мақсади беҳтар гардонидани муайянсозии сил дар байни маҳбусон ва аъзои оилаи онҳо, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои байни муассисоти низоми тандурустӣ ба роҳ монда мешавад.


Боз як барномаи миллӣ


Дар доираи бурси Даври 6-уми Хазинаи Глобалӣ бо кӯшиши якҷояи БРСММ, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, инчунин Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сили Вазорати тандурустии ҶТ ва иштироки фаъоли мушовирони байналмилалӣ "Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015" таҳия гардид. Аз сабаби он ки барномаи қаблӣ масоили мубориза бо шаклҳои устувори сил, ангезандаҳои муштараки сил/ВНМО, бемории сил дар маҳбасҳо ва чанд ҷанбаи дигарро дар бар намегирифт, зарурати таҳияи барномаи нав ба миён омад. Он фарогири нақшаи шашсола оид ба назорати бемории сил дар ҶТ ва дурнамои муштарак доир ба роҳандозии меъёрҳои байналмилалии пешгирӣ, ташхис, табобат, беҳгардонии захираҳои инсонӣ, идораи буҷаҳои маблағгузорӣ ва масрафоти ҷорӣ мебошад. Айни замон тарҷумаи санади мазкур ба забони давлатӣ ҷараён дошта, сипас он барои тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумати ҶТ ирсол мегардад.



Аксбардор: Ҷон РЕА


Қобили зикр аст, ки бо дастгирии фаннии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва БРСММ бори нахуст буҷаи ин барномаи миллӣ таҳия гардид. Ҳамзамон аз шумори намояндагони Вазорати тандурустии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил, Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, БРСММ, Лоиҳаи ҲОУП ва шарикони дигар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни барномаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.



Баҳои баланд


Аз 4-ум то 9-уми ноябри соли 2009 ҳайати Кумитаи чароғи сабз (КЗС) бо шумули мушовири он Кай Блондал ва портфолио-менеджери Хазинаи Глобалӣ Филипп Креаш аз Тоҷикистон боздид карданд. Зимнан ҳайати мазкур ба раванди татбиқи лоиҳаи таҷрибавии мубориза бо шаклҳои устувори сил баҳои мусбат дод.



Фаъолияти ин лоиҳа моҳи июни соли 2009 дар ду минтақаи таҷрибавӣ: шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии фаннию молиявии БРСММ/Хазинаи Глобалӣ оғоз гардида буд. Алҳол дар доираи амалисозии он 42 бемори мубталои шакли мутобиқгаштаи сил табобат карда мешаванд, ки аз ин теъдод 7 нафар ба тарзи амбулаторӣ ва 35 нафари дигар дар Беморхонаи ҷумҳуриявии зиддисилии "Шифо" (Мачитон) муолиҷа мегиранд.


Бино ба тавсияи Ҳайат, ҳудуди амалисозии тарҳи мазкур бояд ба ноҳияҳои Ваҳдату Ҳисор ва як қатор муассисаҳои ислоҳотӣ густариш ёбад. Дар ин замина то охири соли 2010 ба табобат фаро гирифтани 400 сироятёфтаи шакли мутобиқгаштаи сил ба нақша гирифта шудааст.


Дар доираи сафар Ф.Креаш ва К.Блондал инчунин аз Беморхонаи марказии раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ боздид карданд. Зимнан Ф.Креаш татбиқи лоиҳаи зиддисилӣ дар маҳбасҳоро қаноатбахш дониста, онро заминаи хуб барои оғози амалисозии тарҳи мубориза бо шакли мутобиқгаштаи сил дар муассисоти ислоҳотӣ номид. Ба гуфтаи ӯ, якчанд камбудии ҷойдошта, ки зарурати ислоҳи онҳо зимни боздиди қаблӣ таъкид гардида буд, ба пуррагӣ бартараф шуданд. Ҳамзамон К.Блондал иброз дошт, ки табобати беморон дар шӯъбаи зиддисилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Коршиносон тавсия доданд, ки дар соли 2010 табобати шаклҳои устувори сил дар маҳбасҳои таҷрибавӣ ба роҳ монда шавад.


БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД

Отправить комментарий

КАПЧА
Этот вопрос задается для того, чтобы выяснить, являетесь ли Вы человеком или представляете из себя автоматическую спам-рассылку.