Растагории мӯътодони зиндонӣ

Law & order
28.01.2010 23:17
Автор:
Сафо САФАРОВ
Просмотров: 18120

Дар Тоҷикистон нахустин Маркази офиятбахшӣ барои маҳбусони истеъмолгари мухаддарот ба фаъолият оғоз кард.

Маросими ифтитоҳи Маркази «Атлантис» 18-уми декабри соли 2009 дар Беморхонаи марказии раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.


«Корҳои сохтмониву муҷаҳҳазгардонии ин Марказ дар доираи татбиқи Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (КАДАП) ҷараён гирифта, дар мӯҳлати 18 моҳ ва ба маблағи умумии беш аз 144 ҳазор Евро анҷом дода шуд», - гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Ҳамкорӣ» Сарвари Барномаҳои БОМКА-КАДАП дар Тоҷикистон Сӯҳроб Қаҳҳоров.



Мақсад аз фаъолияти Марказ пешниҳоди дастгирии муолиҷавию равонӣ ҷиҳати раҳонидан аз вобастагии мухаддарот буда, дар он 25 маҳкумшудаи мӯътод ба табобат фаро гирифта мешаванд.


Дар маросими ифтитоҳи Маркази мазкур Сарвари Кишварии БРСММ дар Тоҷикистон Растислав Врбенски аз ҷумла чунин иброз дошт: «Ба ҷуз бозсозии бино, ки фарогири ҳуҷраҳои хоб, ғизохӯрӣ ва истироҳат, утоқҳои муолиҷавӣ, ошпазхона, ҳаммом ва ғ. мебошад, Маркази офиятбахшӣ ҳамчунин бо ҷиҳози гуногун, генератору компутер ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ таъмин карда шуд. Зимни амалисозии ин лоиҳа ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи ҶТ дар сатҳи баланд ҷараён гирифт ва умедворем, дар оянда низ чунин равобити созанда идома меёбад».


Ҳамзамон Муовини вазири адлияи ҶТ Шаҳноза Нодирова изҳор дошт, ки Ҳукумати ҶТ ҷиҳати ба ҳамкорӣ ҷалб сохтани шарикони байналмилалию минтақавӣ фаъолияти муассир мебарад. Номбурда афзуд, ки дар ҳамдастӣ бо оҷонсиҳои маблағгузор ва созмонҳои байналмилалию маҳаллӣ маҷмӯи чорабиниҳо оид ба назорати риояи ҳуқуқ ва озодиҳои маҳкумшудагон, таъминоти моддию фаннии маҳбасҳо ва омодасозии кормандони муассисоти ислоҳотӣ гузаронида мешаванд.


Ба қавли Муовини вазир, бо назардошти дурнамо ва нақшаҳои такмили низоми иҷрои ҷазо, Вазорати адлияи ҶТ ҳамкорию муколамаро бо муассисоти мушобеҳи кишварҳои ИДМ ва хориҷаи дур баҳри табодули таҷриба ва роҳандозии усулу фановариҳои муосир густариш медиҳад. «Айни замон Вазорати адлия ба Ҳукумати ҶТ пешниҳодеро пиромуни дар Душанбе баргузор кардани Анҷумани Саввуми Минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи сиҳатӣ ва истеъмоли мухаддарот дар маҳбасҳо ирсол кардааст, - гуфт Ш.Нодирова. - Ба ин Анҷуман беш аз 100 намояндаи муассисоти ислоҳотӣ, вазоратҳои тандурустиву адлия ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо маҳбусон даъват хоҳанд шуд».



Дар навбати худ, Аташеи Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Жан Бернард де Милито таъкид дошт, ки айни замон Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шомили Барномаи 12-марҳилавии «Атлантис» оид ба мубориза бо вобастагии мухаддарот аст. «Ин лоиҳа минтақавӣ буда, ташкили «мавзеи сабз» дар маҳбасҳоро пешбинӣ мекунад: дар онҳо маҳкумшудагони мӯътоде, ки истеъмоли мухаддаротро қатъ карданиянд, аз маҳбусони дигар ҷудо нигаҳдорӣ мешаванд, - гуфт ӯ. - Барои онҳо шароити беҳтари маишӣ бо пешниҳоди ёрии тиббию равонӣ фароҳам гардида, баъд аз озод шудан низ ҳуқуқи дарёфти чунин кӯмакро хоҳанд дошт».




Қобили зикр аст, ки дар моҳи майи соли 2009 намояндагони низоми иҷрои ҷазои Тоҷикистон бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри коромӯзӣ ба Лаҳистон рафтанд. Ин боздид ба шарикон имкон дод, ки бо таҷрибаи аврупоӣ оид ба роҳандозии барномаи «Атлантис» дар маҳбасҳо шинос шаванд. Ба ҷуз ин, шаш намояндаи низоми ислоҳотии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2009 бо ҳамкасбони худ аз Қирғизистон ҷиҳати баррасии раванди мутобиқсозии барномаи «Атлантис» ва корбарии минбаъдаи он дар маҳбасҳои Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.



Вазифаи Барномаи КАДАП роҳандозии таҷрибаи аврупоӣ оид ба мубориза алайҳи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, кам кардани талабот ба мухаддарот тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.


КАДАП аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, онро Барномаи Рушди СММ амалӣ месозад.


БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД

Отправить комментарий

КАПЧА
Этот вопрос задается для того, чтобы выяснить, являетесь ли Вы человеком или представляете из себя автоматическую спам-рассылку.