Шарики рушд

Человек
28.01.2010 23:21
Автор:
Сафо САФАРОВ
Просмотров: 15619

Аз оғози фаъолияти Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон 15 сол сипарӣ гардид.

Ҷиҳати таҷлил аз ин сана 14-уми декабри соли 2009 дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавӣ баргузор шуд.


Дар он масъулини мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, кормандони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.




Дар қисмати аввали чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои бахшҳои гуногуни Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон боздид карданд. Зимнан кормандони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо истифода аз дастуру китоб, варақаю овеза ва аксу наворҳо ба меҳмонон пиромуни фаъолияти барномаву лоиҳаҳои гуногуни худ иттилоъ доданд. Дар баробари пазироии гарму самимӣ, баҳри ҳозирин дастурхони идона густурда буд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ бо рамзи БРСММ супурда шуд.



Чун замони оғози расмии маросим фаро расид, садои мутантани карнаю доира гирдомадагонро ба толор хонд.


Саҳна ороставу рӯйи он арғунун ва созҳои муосири зарбию торӣ ба назар мерасиданд. Ҳамзамон дурбинҳои наворбардорӣ дар чанд гӯшаи толор омодаи кор буданд. Танзими хуби дастгоҳҳои садову равшанибахшӣ рӯҳияи идонаро дучанд месохт.



Дар қисмати суханронӣ баҳри таҳнияти созмони соҳибҷашн Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев рӯйи саҳна омад. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки Барномаи Рушди СММ тӯли 15 соли фаъолияташ дар Тоҷикистон тамоми ташаббусҳои Ҳукумати ҶТ-ро дар кӯтоҳтарин фурсат дастгирӣ кардааст. "Ба андешаи ман, истифода аз таҷрибаи зиёди коршиносоне, ки ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҷалб месозад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, то пайомадҳои манфии бӯҳрони иқтисодию молиявиро коҳиш диҳад ва тамоми тадбирҳоро барои рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар сафарбар созад", - гуфт Ф.Ҳамралиев.



Сипас Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев аз сатҳи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати ҶТ ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда, хушбинии худро аз дурнамои ин равобити судманд баён дошт: "Аз рӯзе, ки мувофиқатномаи байни Ҳукумати ҶТ ва Барномаи Рушди СММ имзо шуда буд, 15 сол гузашт. Дар ҷараёни 15 сол ин ниҳоди СММ корҳои зиёдеро дар Тоҷикистон анҷом дод. Бовар дорем, ки ҳамкории байни Барномаи Рушди СММ ва Ҳукумати ҶТ барои ҳадафҳои шарафмандона нигаронида шудааст ва натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард".



Дар навбати худ, Сарвари Кишварии БРСММ дар Тоҷикистон Растислав Врбенски баргузории ин маросими тантанавиро "таҷлили ҳамдигарфаҳмӣ" номида, онро ба ҳозирин шодбош гуфт: "Дар ҷараёни ин ҷашн мо шарикӣ ва натиҷаҳои назаррасеро, ки тӯли 15 соли ҳамкорӣ ба даст овардаем, таҷлил мекунем. Мехоҳам, ба ҳамаи онҳое, ки бо мо кор карданд, сипосгузорӣ кунам, зеро бидуни мусоидати онҳо аслан наметавонистем, ба натиҷаҳои барои Тоҷикистон ва мардуми он манфиатбахш ноил гардем. Мехоҳам, ба Ҳукумати ҶТ ва тамоми шарикони тоҷикистониамон арзи сипос кунам. Ҳамчунин мехоҳам, ба Оҷонсиҳои дигари низоми СММ, созмонҳои байналмилалии маблағгузор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ миннатдорӣ кунам. Ва ниҳоят, мехоҳам, ба тамоми ҳамкорони худ барои фаъолияти зиёду хушсифаташон, ки баҳри рушди Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ташаккур гӯям. Яқин дорам, ҳамдилию шарикии мо идома меёбад ва дар оянда натоиҷи беҳтару бештареро ноил мегардем".



Маросими ҷашниро гулдухтарони гурӯҳи рақсии "Падида", сарояндаи боистеъдод Юлия Багданавичуте ва дастаи доиранавозони ҷавон бо ҳунарнамоии дилписанд идома бахшиданд. Нуқтаи авҷи базми рақсу тарона рӯйи саҳна даъват гардидани яке аз саромадони арсаи созу навои муосири тоҷик Далер Назаров буд. Ӯ бо арзи сипос аз истиқболи гарми аҳли толор, дар ҳавои мусиқии касбии навозандагонаш ба соҳибони ҷашн чунин муроҷиат кард: "Боиси шарафмандии мост, ки суруду оҳангҳои худро ҳузури шумо иҷро мекунем. Таманно дорем, ки ҳамеша комёб бошед, чун муваффақияти шумо асоси беҳзистии ҷаҳониён аст". Аз силсилаи таронаҳои зиндаву рӯҳафзои ин овозхони асил то поёни базм кафкӯбию нидои "аҳсант" дар фазои толор парфишон буд.







Маълумотнома:


Тӯли 15 соли фаъолият дар Тоҷикистон Барномаи Рушди СММ баҳри таъмини рушди устувор, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, роҳандозии ислоҳот ва ҳалли дигар масоили мубрами ҷомеа мусоидат мекунад. Коргоҳи марказии он дар пойтахт ҷойгир буда, ҳамзамон 5 дафтари минтақавиаш дар Хуҷанд, Айнӣ, Ғарм, Кӯлоб ва Шаҳритус фаъол аст. Ин созмон дар қаламрави ҷумҳурӣ барномаву лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола татбиқ месозад. Бояд гуфт, ки дафтари тоҷикистонӣ бахши бузургтарини Барномаи Рушди СММ дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо мебошад.


БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД

Отправить комментарий

КАПЧА
Этот вопрос задается для того, чтобы выяснить, являетесь ли Вы человеком или представляете из себя автоматическую спам-рассылку.