Аксҳо

Бозори бузургтарини Тоҷикистон пас аз сӯхтор
07/09/2012 12:17
Нозим Каландаров
Views: 30106

Субҳи 6-уми сентябр тоҷирони осебдидаи бозори «Корвон» кӯшиш доштанд, ки миёни бору колои сӯхта аққалан чизе аз моли эминмондаро пайдо намоянд. Дар баъзе ҷойҳои бозор сӯхтор ҳанӯз идома дошта, фавввораи дуд ба фазо мехезад.

Баъдтар раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тоҷирони бозор вохӯрда, тафтишоти мунсифона ва шаффофи ин қазияро ваъда кард. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки молики бозор Нуршед Машрабов гурехтааст. «Ман ҳоло дар куҷо будани ӯро намедонам, вале ваъда медиҳам, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд», - гуфт Убайдуллоев.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», айни замон мардум пароканда мешавад. Бо вуҷуди ин, онҳо ором нагардида, аксарашон бар ин назаранд, ки ин дафъа бозорро оташ задаанд. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no

Аксҳо